Кортҳои пардохтии Кафолатбонк – ин сарфаи вақт, хизматрасонии қуллай, тахфифҳо ҳангоми харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилотҳои савдо ва хизматрасонӣ мебошад.

  • VISA Electron;
  • VISA Classic;
  • VISA Gold;
  • Корти милли;

Корти VISA Gold

Корт дорои имконияти васеъи истифодабарӣ буда, ҳолати дорандаи худро ҳамчун шахси сарватманд муаррифӣ мекунад.
Афзалияти асосии корт:

  • Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.
  • Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.

Корти VISA Classic
Кортҳои маъмултарини ҷаҳон ин кортҳои VISA Classic буда, онҳо таносуби беҳтарини арзиш ва маҷмӯи хизматрасониҳоро нишон медиҳанд. Онҳо мувофикати истифодабарӣ ва эътимоди баландро дар бар гирифта, ҳам барои харид ва ҳам барои гирифтани пули нақд қулай мебошанд.
Афзалияти асосии корт:

  • Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоед.
  • Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар ширкатҳои тиҷоратию хизматрасонӣ.

Корти VISA Electron
Кортҳои аз ҳама дастрас ин кортҳои VISA Electron мебошанд. Ҳақи камтарини истифода ва имконоти корфармоии он дар миллионҳо нуқтаҳои савдо дар тамоми ҷаҳон, ин кортҳоро хеле қулай ва дастрас мегардонанд. Ба ғайр аз ин онҳо барои иҷро намудани амалиётҳои бонкӣ ба воситаи банкоматҳо хеле хубанд. Пардохтҳо бо ёрии корт дар ҳудуди бақия аз рӯи суратҳисоб гузаронида мешавад. Корти бонкииVisa Electron воситаи қулайи ҳисоббаробаркуниҳои электронии низоми байналмилалии Electron аст. Ин корт барои гирифтани воситаҳои нақдии пулӣ дар шӯъбаҳои бонк, бо ёрии шабакаҳои банкоматҳо, инчунин ҳисоббаробаркуниҳо барои харид ва хизматрасониҳо бо ёрии шабакаи POS – терминалҳо пешбинӣ шуда аст.