
Золотая корона
Низоми интиқоли маблағҳои “Золотая Корона” – ин интиқоли фаврии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб дар ҳудуди Россия, давлатҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур мебошад. Ҳаққи хизматрасонӣ барои амалӣ гардонидани интиқол дар ҳудуди Федератсияи Россия ва давлатҳои ИДМ — аз 1,5% оғоз мегардад. Маблағи пулиро пас аз чанд сонияи интиқоли он дастрас намудан имконпазир аст.
Ҳангоми қабул намудани маблағи интиқол донистани маълумоти зерин зарур аст:
- РНИ аз 9 то 11 рақам
- Ном ва насаби ирсолкунанда
- Маблағ ва асъори интиқол

Contact
Низоми байналхалқии интиқолии Contact дар ҳудуди ИДМ, Руссия ва давлатҳои хориҷаи дур амалӣ карда мешавад.
- Cуръати гузаронидани интиқол: аз 5 то 10 дакика
- Асъори интиқол: рубли ФР, доллари ИМА ва Евро
- Ҳаққи хизматрасонӣ барои амалӣ гардонидани интиқол мувофиқи тарофаи) низоми CONTACT ситонида мешавад.
Ҳангоми қабули маблағи интиқол қабулкунанда бояд донад:
- РНИ аз 1 то 16 рақам
- Ному насаби ирсолкунанда
- Маблағ ва асъори интиқол

Юнистрим
Интиқол ба Руссия, СНГ ва давлатҳои хориҷаи дур амалӣ карда мешавад.
Асъори интиқол: рубли ФР, доллари ИМА ва Евро
Суръати гузаронидани интиқол – то 5 дақиқа
Ҳангоми қабули маблағи интиқол қабулкунанда бояд донад:
- РНИ иборат аз 12 рақам
- Ному насаби ирсолкунанда
- Маблағ ва асъори интиқоли пулӣ

MoneyGram
Низоми байналхалқии MoneyGram дар зиёда аз 200 давлати дунё амал мекунад.
Асъори интиқол: доллари ИМА
Суръати интиқол – 1 дақиқа
Ҳангоми қабули интиқол қабулкунанда бояд донад:
- РНИ аз 8 рақам
- Ному насаби қабулкунанда
- Маблағ ва асъори интиқол